|
Дафъ гуфтани вазир муридонроГуфт: «Ҳон эй сухрагони гуфтугӯ, Ваъзу гуфтори забону гӯш ҷӯ. Пунба андар гӯши ҳисси дун кунед, Банди ҳис аз чашми худ берун кунед. Пунбаи он гӯши сир гӯши сар аст, То нагардад ин кар, он ботин кар аст. Беҳису бегӯшу бефикрат шавед, То хитоби «ирҷиъӣ»-ро бишнавед. То ба гуфтугӯйи бедорӣ дарӣ, Ту зи гуфти хоб бӯйе кай барӣ? Сайри берунист қавлу феъли мо, Сайри ботин ҳаст болои само. Ҳисс хушкӣ дид, к-аз хушкӣ бизод, Исии ҷон пой бар дарё ниҳод. Сайри ҷисми хушк бар хушкӣ фитод, Сайри ҷон по дар дили дарё ниҳод. Чунки умр андар раҳи хушкӣ гузашт Гоҳ кӯҳу гоҳ дарё, гоҳ дашт. Оби ҳайвон аз куҷо хоҳӣ ту ёфт? Мавҷи дарёро куҷо хоҳӣ шикофт? Мавҷи хоке, ваҳму фаҳму фикри мост, Мавҷи обе, маҳву сукр асту фаност. То дар ин сукрӣ, аз он сукрӣ ту дур, То аз ин мастӣ, аз он ҷомӣ ту кӯр. Гуфтугӯйи зоҳир омад чун ғубор, Муддате хомӯш хӯ кун, ҳуш дор.
Страница 27/173 |