|
Мукаррар кардани муридон, ки хилватро бишканҶумла гуфтанд: «Эй ҳакими рахнаҷӯ, Ин фиребу ин ҷафо бо мо магӯ. Чорпоро қадри тоқат бор неҳ, Бар заъифон қадри қувват кор неҳ. Донаи ҳар мурғ андозай вай аст, Тӯъмаи ҳар мурғ анҷире кай аст? Тифлро гар нон диҳӣ бар ҷойи шир, Тифли маскинро аз он нон мурда гир. Чунки дандонҳо барорад, баъд аз он Ҳам ба худ гардад дилаш ҷӯёйи нон. Мурғи парноруста чун паррон шавад, Луқмаи ҳар гурбаи даррон шавад. Чун барорад пар, бипаррад ӯ ба х(в)ад Бетакаллуф, бе сафири неку бад. Девро нутқи ту хомуш мекунад, Гӯши моро гуфти ту ҳуш мекунад. Гӯши мо ҳуш аст, чун гӯё туӣ, Хушки мо баҳр аст, чун дарё туӣ. Бо ту моро хок беҳтар аз фалак, Эй симок аз ту мунаввар то самак. Бе ту моро бар фалак торикӣ аст, Бо ту, эй моҳ, ин фалак боре ки аст? Сурати рифъат бувад афлокро Маънии рифъат равони покро. Сурати рифъат барои ҷисмҳост, Ҷисмҳо дар пеши маънӣ исмҳост».
Страница 28/173 |