|
Ошиқ шудани подшоҳ бар канизаки ранҷур ва тадбир кардан дар сиҳҳати ӯБишнавед, эй дӯстон, ин достон, Худ ҳақиқат нақди ҳоли мост он. Буд шоҳе дар замоне пеш аз ин, Мулки дунё будашу ҳам мулки дин. Иттифоқо, шоҳ рӯзе шуд савор, Бо хавоси хеш аз баҳри шикор. Як канизак дид шаҳ бар шоҳроҳ, Шуд ғуломи он канизак подшоҳ. Мурғи ҷонаш дар қафас чун метапид, Дод молу он канизакро харид. Чун харид ӯрову бархурдор шуд, Он канизак аз қазо бемор шуд. Он яке хар дошт, полонаш набуд, Ёфт полон, гург харро даррабуд. Кӯза будаш, об меномад ба даст Обро чун ёфт, худ кӯза шикаст. Шаҳ табибон ҷамъ кард аз чаппу рост Гуфт: «Ҷони ҳар ду дар дасти шумост». Ҷони ман саҳл аст, ҷони ҷонам ӯст, Дардманду хастаам, дармонам ӯст. Ҳар кӣ дармон кард мар ҷони маро, Бурд ганҷу дурру марҷони маро. Ҷумла гуфтандаш, ки ҷонбозӣ кунем Фаҳм гирд орему анбозӣ кунем, Ҳар яке аз мо Масеҳи оламест, Ҳар аламро дар кафи мо марҳамест». «Гар Худо хоҳад» нагуфтанд, аз батар, Пас Худо бинмудашон аҷзи башар. Тарки «истисно» муродам қасватест, На ҳамин гуфтан, ки ориз ҳолатест. Эй басо н-оварда «истисно» ба гуфт, Ҷони ӯ бо ҷони «истисно»-ст ҷуфт. Ҳар чӣ карданд аз илоҷу аз даво, Гашт ранҷ афзуну ҳоҷат нораво. Он канизак аз мараз чун мӯй шуд, Чашми шаҳ аз ашки хун чун ҷӯй шуд. Аз қазо сиркангубин сафро фузуд, Равғани бодом хушкӣ менамуд. Аз ҳалила қабз шуд, итлоқ рафт, Об оташро мадад шуд ҳамчу нафт.
Страница 3/173 |