|
|
|
|
|
|
|
|
|
Первая тетрадь |
|
|
Навмед кардани вазир муридонро аз рафзи хилватОн вазир аз андарун овоз дод, К-эй муридон, аз ман ин маълум бод. Ки маро Исо чунин пайғом кард, К-аз ҳама ёрону хешон бош фард. Рӯй дар девор кун, танҳо нишин В-аз вуҷуди хеш ҳам хилват гузин. Баъд аз ин дастурии гуфтор нест, Баъд аз ин бо гуфтугӯям кор нест. Алвидоъ, эй дӯстон, ман мурдаам, Рахт бар чорум фалак барбурдаам. То ба зери чархи норӣ чун ҳатаб, Ман насӯзам дар анову дар атаб. Паҳлуйи Исо нишинам баъд аз ин Бар фарози осмони чорумин.
Страница 31/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|