|
Валиаҳд сохтани вазир ҳар як амирро ҷудо-ҷудоВ-онгаҳоне он амиронро бихонд, Як ба як, танҳо ба ҳар як ҳарф ронд. Гуфт ҳар якро: «Ба дини исавӣ Ноиби ҳаққу халифай ман тувӣ. В-он амирони дигар атбоъи ту Кард Исо ҷумларо ашёъи ту. Ҳар амире, к-ӯ кашад гардан, бигир, Ё бикуш ё худ ҳамедораш асир. Лек то ман зиндаам, ин вомагӯ, То намирам, ин раёсатро маҷӯ. То намирам ман, ту ин пайдо макун, Даъвии шоҳиву истило макун. Инак ин тӯмору аҳкоми Масеҳ, Як ба як бархон ту бар уммат фасеҳ. Ҳар амиреро чунин гуфт ӯ ҷудо: «Нест ноиб ҷуз ту дар дини Худо». Ҳар якеро кард ӯ як-як азиз, Ҳар чӣ онро гуфт, инро гуфт низ. Ҳар якеро ӯ яке тӯмор дод, Ҳар яке зидди дигар буд, ал-мурод. Матни он тӯморҳо буд мухталиф, Чун ҳуруф он ҷумла то «ё» аз «алиф». Ҳукми ин тӯмор зидди ҳукми он, Пеш аз ин кардем ин зидро баён.
Страница 32/173 |