|
|
|
|
|
|
|
|
|
Первая тетрадь |
|
|
Куштани вазир хештанро дар хилватБаъд аз он чил рӯзи дигар дар бибаст, Хеш кушту аз вуҷуди худ бираст. Чунки халқ аз марги ӯ огоҳ шуд, Бар сари гӯраш қиёматгоҳ шуд. Халқ чандон ҷамъ шуд бар гӯри ӯ, Мӯканон, ҷомадарон дар шӯри ӯ. К-он ададро ҳам Худо донад шумурд, Аз араб в-аз турку аз румиву курд. Хоки ӯ карданд бар сарҳои хеш, Дарди ӯ диданд дармонҷои хеш. Он халоиқ бар сари гӯраш маҳе Карда хунро аз ду чашми худ раҳӣ.
Страница 33/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|