|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Не диво, что стремлюсь я в край родной:
Ведь родина, как жизнь, душе близка.
Прольют на море дождик проливной,
Из моря же взяв воду, облака.
Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Первая тетрадь |
|
|
Талаб кардани уммати Исо – алайҳиссалом – аз умаро, ки валиаҳд аз шумо кадом аст?Баъди моҳе, халқ гуфтанд: «Эй меҳон! Аз амирон кист бар ҷояш нишон? То ба ҷойи ӯ шиносемаш имем, Дасту доманро ба дасти ӯ диҳем». Чунки шуд хуршеду моро кард доғ, Чора набвад бар мақомаш аз чароғ. Чунки шуд аз пеши дида васли ёр, Ноибе бояд аз ӯмон ёдгор. Чунки гул бигзашу гулшан шуд хароб, Бӯйи гулро аз кӣ ёбем? Аз гулоб. Чун Худо андар наёяд дар аён, Ноиби ҳаққанд ин пайғамбарон. На, ғалат гуфтам, ки ноиб бо мануб, Гар ду пиндорӣ, қабеҳ ояд, на хуб. На, ду бошад то туӣ суратпараст, Пеши ӯ як гашт, к-аз сурат бираст. Чун ба сурат бингарӣ, чашми ту дуст, Ту ба нураш дарнигар, к-аз чашм руст. Нури ҳар ду чашм натвон фарқ кард, Чунки дар нураш назар андохт мард. Даҳ чароғ ар ҳозир ояд дар макон, Ҳар яке бошад ба сурат ғайри он. Фарқ натвон кард нури ҳар яке, Чун ба нураш рӯй орӣ бе шаке. Гар ту сад себу сад обе бишмурӣ, Сад намонад, як шавад чун бифшурӣ. Дар маъонӣ қисмату аъдод нест, Дар маъонӣ таҷзия вафрод нест. Иттиҳоди ёр бо ёрон х(в)аш аст, Пойи маънӣ гир, сурат саркаш аст. Сурати саркаш гудозон кун ба ранҷ, То бибинӣ зери ӯ ваҳдат чу ганҷ. В-ар ту нагдозӣ иноятҳои ӯ, Худ гудозад, эй дилам мавлои ӯ. ӯ намояд ҳам ба дилҳо хешро, ӯ бидӯзад хирқаи дарвешро. Мунбасит будему якҷавҳар ҳама, Бесару бепо будем он сар ҳама. Як гуҳар будем ҳамчун офтоб, Бегиреҳ будему софӣ ҳамчу об. Чун ба сурат омад он нури сара, Шуд адад, чун сояҳои кунгура. Кунгура вайрон кунед аз манҷаниқ, То равад фарқ аз миёни ин фариқ. Шарҳи инро гуфтаме манн, аз марӣ, Лек тарсам, то налағзад хотире, Нуктаҳо чун теғи пӯлод аст тез, Гар надорӣ ту сипар, вопас гурез. Пеши ин алмос беиспар маё, К-аз буридан теғро набвад ҳаё. З-ин сабаб ман теғ кардам дар ғилоф, То ки кажхоне нахонад бар хилоф. Омадем андар тамомий достон В-аз вафодории ҷамъи ростон. К-аз паси ин пешво бархостанд, Бар мақомаш ноибе мехостанд.
Страница 34/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|