|
|
|
|
|
|
|
|
|
Первая тетрадь |
|
|
Таъзими наъти Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки мазкур бувад дар ИнҷилБуд дар Инҷил номи Мустафо, Он сари пайғамбарон баҳри сафо. Буд зикри ҳиляҳову шакли ӯ, Буд зикри ғазву савму акли ӯ. Тоифай насрониён баҳри савоб Чун расидандӣ бад-он ному хитоб, Бӯса додандӣ бар он номи шариф, Рӯ ниҳодандӣ бар он васфи латиф. Андар ин фитна, ки гуфтем, он гурӯҳ Эмин аз фитна буданду аз шикӯҳ. Эмин аз шарри амирону вазир, Дар паноҳи номи Аҳмад мустаҷир. Насли эшон низ ҳам бисёр шуд, Нури Аҳмад носир омад, ёр шуд. В-он гурӯҳи дигар аз насрониён Номи Аҳмад доштандӣ мустаҳон. Мустаҳону хор гаштанд аз фитан Аз вазири шумройи шумфан. Ҳам мухаббат динашону ҳукмашон Аз пайи тӯморҳои кажбаён. Номи Аҳмад инчунин ёрӣ кунад, То ки нураш, чун нигаҳдорӣ кунад? Номи Аҳмад чун ҳисоре шуд ҳасин, То чӣ бошад зоти он Рӯҳуламин?
Страница 36/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|