|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Не диво, что стремлюсь я в край родной:
Ведь родина, как жизнь, душе близка.
Прольют на море дождик проливной,
Из моря же взяв воду, облака.
Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Первая тетрадь |
|
|
Оташ кардани подшоҳи ҷуҳуд ва бут ниҳодан паҳлӯйи оташ, ки ҳар кӣ бутро суҷуд кунад, аз оташ бирастОн ҷуҳуди саг бибин, чӣ рой кард: «Паҳлуйи оташ буте барпой кард. К-он ки ин бутро суҷуд орад, бираст В-ар наёрад, дар дили оташ нишаст». Чун сазои ин бути нафс ӯ надод, Аз бути нафсаш буте дигар бизод. Модари бутҳо бути нафси шумост, З-он ки он бут мору ин бут аждаҳост. Оҳану санг аст нафсу бут шарор, Он шарор аз об мегирад қарор. Сангу оҳан з-об кай сокин шавад? Одамӣ бо ин ду кай эмин бувад? Бут сиёҳоба-ст дар кӯза ниҳон, Нафс мар оби сияҳро чашма дон. Он бути манҳут чун сели сиёҳ, Нафси бутгар чашмае бар оброҳ. Сад сабӯро бишканад як пора санг В-об чашма мезаҳонад бедиранг. Бут шикастан саҳл бошад, нек саҳл, Саҳл дидан нафсро ҷаҳл аст, ҷаҳл. Сурати нафс ар биҷӯйӣ, эй писар, Қиссаи дӯзах бихон бо ҳафт дар. Ҳар нафас макреву дар ҳар макр з-он Ғарқа сад Фиръавн бо фиръавниён. Дар Худои Мӯсиву Мӯсо гурез, Оби имонро зи фиръавнӣ марез. Дастро андар аҳад в-Аҳмад бизан, Эй бародар, вораҳ аз Бӯҷаҳли тан.
Страница 38/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|