|
Каж мондани даҳони он мард, ки номи Муҳаммадро саллалоҳу алайҳи ва саллам ба тасаххур хондОн даҳон каж карду аз тасхур бихонд Мар Муҳаммадро, даҳонаш каж бимонд. Боз омад, к-эй Муҳаммад, афв кун, Эй туро алтофу илми «мин ладун». Ман туро афсӯс мекардам зи ҷаҳл, Ман будам афсӯсро мансубу аҳл. Чун Худо хоҳад, ки пардай кас дарад, Майлаш андар таънаи покон барад. В-ар Худо хоҳад, ки пӯшад айби кас, Кам занад дар айби маъюбон нафас». Чун Худо хоҳад, кимон ёрӣ кунад, Майли моро ҷониби зорӣ кунад. Эй хунук чашме, ки он гирёни ӯст В-эй ҳумоюн дил, ки он бирёни ӯст. Охири ҳар гиря охир хандаест, Марди охирбин муборак бандаест. Ҳар куҷо оби равон, сабза бувад, Ҳар куҷо ашке равон, раҳмат шавад. Бош чун дӯлоб нолон, чашмтар, То зи саҳни ҷон-т баррӯяд хузар. Ашк хоҳӣ, раҳм кун бар ашкбор, Раҳм хоҳӣ, бар заифон раҳм ор.
Страница 40/173 |