|
|
|
|
|
|
|
|
|
Первая тетрадь |
|
|
Аз Худованди валиюттавфиқ дархостани тавфиқи риояти адаб дар ҳамаи ҳолҳо ва баён кардани вахомати зарарҳои беадабӣАз Худо ҷӯем тавфиқи адаб, Беадаб маҳрум гашт аз лутфи раб. Беадаб танҳо на худро дошт бад, Балки оташ дар ҳама офоқ зад. Моида аз осмон дармерасид, Беширою байъу бегуфту шунид. Дар миёни қавми Мӯсо чанд кас Беадаб, гуфтанд: «Ку сиру адас?» Мунқатеъ шуд хону нон аз осмон, Монд ранҷи заръу белу досамон. Боз Исо чун шафоат кард Ҳақ, Хон фиристоду ғанимат бар табақ. Боз густохон адаб бигзоштанд, Чун гадоён заллаҳо бардоштанд. Лоба карда Исӣ эшонро, ки ин Доим асту кам нагардад аз замин, Бадгумонӣ кардану ҳирсоварӣ, Куфр бошад пеши хони меҳтарӣ. З-он гадорӯёни нодида зи оз, Он дари раҳмат бар эшон шуд фароз. Абр бар н-ояд пайи манъи закот В-аз зино афтад вабо андар ҷиҳот. Ҳар чӣ бар ту ояд аз зулмоту ғам, Он зи бебокиву густохист ҳам. Ҳар кӣ бебокӣ кунад дар роҳи дӯст, Раҳзани мардон шуду номард ӯст. Аз адаб пурнур гаштаст ин фалак В-аз адаб маъсуму пок омад малак. Буд зи густохӣ кусуфи офтоб, Шуд Азозиле зи ҷуръат радди боб.
Страница 5/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|