|
|
|
|
|
|
|
|
|
Первая тетрадь |
|
|
Мулоқоти подшоҳ бо он валӣ, ки дар хобаш намудандДаст бигшоду каноронаш гирифт, Ҳамчу ишқ андар дилу ҷонаш гирифт. Дасту пешониш бӯсидан гирифт В-аз мақому роҳ пурсидан гирифт. Пурс-пурсон мекашидаш то ба садр, Гуфт: «Ганҷе ёфтам, аммо ба сабр». Гуфт: «Эй нури Ҳақу дафъи ҳараҷ!» Маънии «Ас-сабру мифтоҳ-ул-фараҷ!» Эй лиқои ту ҷавоби ҳар суол! Мушкил аз ту ҳал шавад беқилу қол. Тарҷумонӣ, ҳар чӣ моро дар дил аст, Дастгирӣ, ҳар кӣ пояш дар гил аст. Марҳабо ё муҷтабо ё муртазо! «Ин тағиб ҷоа-л-қазо зоқа-л-фазо. Анта мавла-л-қавми ман ло йаштаҳи Қад радо калло лаин лам йантаҳи». Чун гузашт он маҷлису хони карам, Дасти ӯ бигрифту бурд андар ҳарам.
Страница 6/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|