|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Не диво, что стремлюсь я в край родной:
Ведь родина, как жизнь, душе близка.
Прольют на море дождик проливной,
Из моря же взяв воду, облака.
Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Третья тетрадь |
|
|
Амри Ҳақ таъоло ба Мӯсо алайҳиссалом, ки маро ба даҳоне хон, ки бад-он даҳон гуноҳ накардаӣ Гуфт: «Эй Мӯсо! Зи ман меҷӯ паноҳ Бо даҳоне, ки накардӣ ту гуноҳ». Гуфт Мӯсо: «Ман надорам он даҳон», Гуфт: «Моро аз даҳони ғайр хон. Аз даҳони ғайр кай кардӣ гуноҳ? Аз даҳони ғайр бархон, к-эй Илоҳ! Ончунон кун, ки даҳонҳо мар туро Дар шабу дар рӯзҳо орад дуъо. Аз даҳоне, ки накардастӣ гуноҳ В-он даҳони ғайр бошад, узр хоҳ. Ё даҳони хештанро пок кун, Рӯҳи худро чобуку чолок кун». Зикри Ҳақ пок аст, чун покӣ расид, Рахт барбандад, бурун ояд палид. Мегурезад зиддҳо аз зиддҳо, Шаб гурезад, чун барафрӯзад зиё. Чун дарояд номи пок андар даҳон, На палидӣ монаду на андуҳон.
Страница 7/229 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|