Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Когда сочтут деяния твоей души и плоти,
Ты в судный день застрянешь, как тот осел в болоте.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Четвертая тетрадь

 
rumi

Дидани дарвеш ҷамоати машоихро дар хоб ва дархост кардани рӯзии ҳалол бе машғул шудан ба касб ва аз ибодат мондан ва иршоди эшон ӯро ва меваи талху турши кӯҳӣ бар вай ширин шудан ба доди он машоих

Он яке дарвеш гуфт андар самар:
Хизриёнро ман бидидам хоб – дар.
Гуфтам эшонро, ки рӯзии ҳалол,
Аз куҷо нӯшам, ки набвад он вубол?
Мар маро сӯйи кӯҳистон ронданд,
Меваҳо з-он беша меафшонданд,
Ки Худо ширин бикард он меваро
Дар даҳони ту ба ҳимматҳои мо.
Ҳин, бихур поку ҳалолу беҳисеб,
Бесудоъу нуқли болову нишеб.
Пас маро з-он ризқ нутқе рӯ намуд,
Завқи гуфти ман хирадҳо мерабуд.
Гуфтам ин фитна-ст, эй рабби ҷаҳон,
Бахшише деҳ аз ҳама халқон ниҳон.
Шуд сухан аз ман, дили хуш ёфтам,
Чун анор аз завқ мебишкофтам.
Гуфтам ар чизе набошад дар биҳишт
Ғайри ин шодӣ, ки дорам дар сиришт.
Ҳеч неъмат орзу н-ояд дигар,
З-ин напардозам ба ҷавзу найшакар.
Монда буд аз касб як-ду ҳаббаам,
Дӯхта дар остини ҷуббаам.

Страница 28/140
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Пятая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj