Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Четвертая тетрадь

 
rumi

Ҳикояти он зани палидкор, ки шавҳарро гуфт, ки он хаёлот аз сари амрудбун менамояд туро, ки чунинҳо намояд чашми одамиро сари он амрудбун. Аз сари амрудбун фуруд ой, то он хаёлҳо биравад ва агар касе гӯяд, ки он чӣ он мардумӣ дид, хаёл набуд, ҷавоби он мисолест, на мисл. Дар мисол ҳамин қадар бас бувад, ки агар бар сари амрудбун нарафтӣ, ҳаргиз онҳо надидӣ, хоҳ хаёл, хоҳ ҳақиқат

Он зане мехост, то бо мули худ
Барзанад дар пеши шӯйи гӯли худ.
Пас ба шавҳар гуфт зан, к-эй некбахт
Ман бароям мева чидан бар дарахт.
Чун баромад бар дарахт, он зан гирист,
Чун зи боло сӯйи шавҳар бингарист.
Гуфт шавҳарро, ки эй маъбуни рад,
Кист он луте, ки бар ту мефитад?
Ту ба зери ӯ чу зан биғнудаӣ,
Эй фалон! Ту худ муханнас будаӣ?
Гуфт шавҳар на, сарат гӯйӣ бигашт
В-арна ин ҷо нест ғайри ман ба дашт.
Зан мукаррар кард, к-он бо бартула,
Кист бар пуштат фурӯ хуфта? Ҳила!
Гуфт: «Эй зан, ҳин, фуруд о аз дарахт,
Ки сарат гашту хариф гаштӣ ту сахт».
Чун фуруд омад, баромад шавҳараш,
Зан кашид он мулро андар бараш.
Гуфт шавҳар: «Кист он, эй рӯсапӣ!
Ки ба болои ту омад чун капӣ?»
Гуфт зан: «На, нест ин ҷо ғайри ман,
Ҳин, сарат баргашта шуд, ҳарза матан».
ӯ мукаррар кард бар зан он сухун,
Гуфт зан: «Ин ҳаст аз амрудбун.
Аз сари амрудбун ман ҳамчунон,
Каж ҳамедидам, ки ту, эй қалтабон!
Ҳин, фуруд о, то бибинӣ ҳеч нест,
Ин ҳама тахйил аз амрудбунест».
Ҳазл таълим аст, онро ҷид шунав,
Ту машав бар зоҳири ҳазлаш гарав.
Ҳар ҷиде ҳазл аст пеши ҳозилон,
Ҳазлҳо ҷида аст пеши оқилон.
Коҳилон амрудбун ҷӯянд, лек
То бад-он амрудбун роҳест нек.
Нақл кун з-амрудбун, к-акнун бар ӯ,
Гаштаӣ ту хирачашму хирарӯ.
Ин маниву ҳастии аввал бувад,
Ки бар ӯ дида кажу аҳвал бувад.
Чун фуруд ойӣ аз ин амрудбун,
Каж намояд фикрату чашму сухун.
Як дарахти бахт бинӣ гашта ин,
Шохи ӯ бар осмони ҳафтумин.
Чун фуруд ойӣ, аз ӯ гардӣ ҷудо,
Мубдалаш гардонад аз раҳмат Худо.
З-ин тавозуъ, ки фуруд ойӣ, Худо
Ростбинӣ бахшад он чашми туро.
Ростбинӣ гар будӣ осону заб,
Мустафо кай хостӣ онро зи раб?
Гуфт: «Бинмо ҷузв-ҷузв аз фавқу паст,
Ончунон ки пеши ту он ҷузв ҳаст».
Баъд аз он баррав бар он амрудбун,
Ки мубаддал гашту сабз аз амри «кун».
Чун дарахти мӯсавӣ шуд ин дарахт,
Чун суйи Мӯсо кашонидӣ ту рахт
Оташ ӯро сабзу хуррам мекунад,
Шохи ӯ «иннӣ аналлаҳ» мезанад.
Зери зиллаш ҷумла ҳоҷотат раво,
Инчунин бошад илоҳӣ кимиё.
Он маниву ҳастият бошад ҳалол,
Ки дар ӯ бинӣ сифоти зулҷалол.
Шуд дарахти каж муқаввам ҳақнамо,
«Аслуҳу собит ва фаръуҳ фӣ-с-само».

Страница 134/140
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Пятая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj