Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Четвертая тетрадь

 
rumi

Рафтани Зулқарнайн ба кӯҳи Қоф ва дархост кардан, ки эй кӯҳи Қоф! Аз азимати сифати Ҳақ моро бигӯ ва гуфтани кӯҳи Қоф, ки сифати азимати ӯ дар гуфт наёяд, ки пеши он идрокҳо фано шавад ва лоба кардани Зулқарнайн, ки аз саноеъаш, ки дар хотир дорӣ ва бар ту гуфтани он осонтар бувад, бигӯй

Рафт Зулқарнайн сӯйи кӯҳи Қоф
Дид ӯро, к-аз зумуррад буд соф.
Гирди олам ҳалқа гашта ӯ муҳит,
Монд ҳайрон андар он халқи басит.
Гуфт: «Ту кӯҳӣ, дигарҳо чистанд,
Ки ба пеши узми ту бозистанд?»
Гуфт: «Рагҳои мананд он кӯҳҳо,
Мисли ман набванд дар ҳусну баҳо.
Ман ба ҳар шаҳре раге дорам ниҳон,
Бар уруқам баста атрофи ҷаҳон.
Ҳақ чу хоҳад зилзилай шаҳре маро,
Гӯяд ӯ, ман барҷаҳонам ирқро.
Пас биҷунбонам ман он рагро ба қаҳр,
Ки бад-он раг муттасил гаштаст шаҳр.
Чун бигӯяд бас, шавад сокин рагам,
Сокинам в-аз рӯйи феъл андар тагам.
Ҳамчу марҳам сокину бас коркун,
Чун хирад сокин в-аз ӯ ҷунбон сухун».
Назди он кас, ки надонад ақлаш ин,
Зилзила ҳаст аз бухороти замин.

Страница 138/140
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Пятая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj