|
Дар баёни он ки ҳеч чашми баде одамиро чунон муҳлик нест, ки чашми писанди хештан, магар ки чашми ӯ мубаддал шуда бошад ба нури Ҳақ, ки бе ясмаъ ва бе ябсир ва хештани ӯ бе хештан шудаПарри товусат мабину пой бин, То ки суъулайн нагшояд камин, Ки билағзад кӯҳ аз чашми бадон, «Юзлиқунак» аз нубӣ бархон бад-он. Аҳмади чун кӯҳ лағзид аз назар Дар миёни роҳ бегил, бематар. Дар аҷаб дармонд, к-ин лағзиш зи чист? Ман напиндорам, ки ин ҳолат тиҳист. То биёмад ояту огоҳ кард, К-он зи чашми бад расидат в-аз набард. Гар будӣ ғайри ту дардам «ло» шудӣ, Сайди чашму сухраи ифно шудӣ. Лек омад исмате доманкашон В-ин ки лағзидӣ, буд аз баҳри нишон. Ибрате гир, андар он кӯҳ кун нигоҳ, Барги худ арза макун, эй кам зи коҳ!
Страница 24/177 |