Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Ғолиб шудани макри рӯбаҳ бар истеъсоми хар

Хар басе кӯшиду ӯро дафъ гуфт,
Лек ҷӯъулкалб бо хар буд ҷуфт.
Ғолиб омад ҳирсу сабраш буд заъиф,
Бас гулӯҳо, ки бурад ишқи рағиф.
З-он расулӣ, к-иш ҳақоиқ дод даст,
«Кода фақрун ан якун куфр» омадаст.
Гашта буд он хар маҷоатро асир,
Гуфт: «Агар макр аст, як раҳ мурда гир.
З-ин азоби ҷӯъ боре вораҳам,
Гар ҳаёт ин аст, ман мурда беҳам».
Гар хар аввал тавбаву савганд х(в)ард,
Оқибат ҳам аз харӣ хабте бикард.
Ҳирс кӯру аҳмақу нодон кунад,
Маргро бар аҳмақон осон кунад.
Нест осон марг бар ҷони харон,
Ки надоранд оби ҷони ҷовидон.
Чун надорад ҷони ҷовид, ӯ шақист,
Ҷуръати ӯ бар аҷал аз аҳмақист.
Ҷаҳд кун, то ҷон мухаллад гардадат,
То ба рӯзи марг барге бошадат.
Эътимодаш низ бар розиқ набуд,
Ки барафшонад бар ӯ аз ғайб ҷуд.
То кунунаш фазл берӯзӣ надошт,
Гарчи гаҳ-гаҳ бар танаш ҷӯъе гумошт.
Гар набошад ҷӯъ, сад ранҷи дигар
Аз пайи ҳайза барорад аз ту сар.
Ранҷи ҷӯъ авло бувад худ з-он илал,
Ҳам ба лутфу ҳам ба хиффат, ҳам амал.
Ранҷи ҷӯъ аз ранҷҳо покизатар,
Хоса дар ҷӯъ аст сад нафъу ҳунар.

Страница 121/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj