Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Ты украшаешь мир, ты - солнце и луна,
А в солнце лишь краса твоя отражена!
Виденье дивных уст в душе не утаить -
Оно и в блестках брызг искристого вина.
Надира
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Ҳикояти он гов, ки танҳо дар ҷазираест бузург, Ҳақ таъоло он ҷазираи бузургро пур кунад аз набот ва раёҳин, ки алафи гов бошад, то ба шаб он гов ҳамаро бихӯрад ва фарбеҳ шавад чун кӯҳпорае, чун шаб шавад, хобаш набарад аз ғуссаву хавф, ки ҳамаи саҳроро чаридам, фардо чӣ хӯрам? То аз ин ғусса лоғар шавад ҳамчун хилол, рӯз бархезад ҳамаи саҳроро сабзтар ва анбӯҳтар бинад аз дӣ, боз бихӯрад ва фарбеҳ шавад, боз шабаш ҳамон ғам бигирад. Солҳост, ки ӯ ҳамчунин мебинад ва эътимод намекунад

Як ҷазирай сабз ҳаст андар ҷаҳон,
Андар ӯ говест танҳо хушдаҳон.
Ҷумла саҳроро чарад ӯ то ба шаб,
То шавад зафту азиму мунтаҷаб.
Шаб зи андеша, ки фардо чӣ х(в)арам?
Гардад ӯ чун тори мӯ лоғар зи ғам.
Чун барояд субҳ, гардад сабз дашт,
То миён руста қасили сабзу кашт.
Андарафтад гов бо ҷӯъулбақар,
То ба шаб онро чарад ӯ сар ба сар.
Боз зафту фарбеҳу ламтур шавад,
Он танаш аз пиҳу қувват пур шавад.
Боз шаб андар таб афтад аз фазаъ,
То шавад лоғар зи хавфи мунтаҷаъ.
Ки чӣ хоҳам хӯрд фардо вақти х(в)ар?
Солҳо ин аст кори он бақар.
Ҳеч нандешад, ки чандин сол ман
Мехурам з-ин сабзазору з-ин чаман.
Ҳеч рӯзе кам наёмад рӯзиам,
Чист ин тарсу ғаму дилсӯзиам?
Боз чун шаб мешавад, он гови зафт
Мешавад лоғар, ки о ваҳ! Ризқ рафт.
Нафс он гов асту он дашт ин ҷаҳон,
К-ӯ ҳаме лоғар шавад аз хавфи нон.
Ки чӣ хоҳам хӯрд мустақбал? Аҷаб!
Лути фардо аз куҷо созам талаб?
Солҳо хӯрдиву кам н-омад зи х(в)ар,
Тарси мустақбал куну мозӣ нигар.
Луту пути хӯрдаро ҳам ёд ор,
Мангар андар ғобиру кам бош зор.

Страница 124/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj