Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Даъват кардани мусулмонон муғро

Мар муғеро гуфт марде, к-эй фалон,
Ҳин, мусулмон шав, бибош аз мӯъминон».
Гуфт: «Агар хоҳад Худо, мӯъмин шавам
В-ар физояд фазл, ҳам мӯқин шавам».
Гуфт: «Мехоҳад Худо имони ту,
То раҳад аз дасти дӯзах ҷони ту.
Лек нафси наҳсу он шайтони зишт
Мекашандат сӯйи куфрону куништ».
Гуфт: «Эй мунсиф, чу эшон ғолибанд,
Ёри ӯ бошам, ки бошад зӯрманд.
Ёри он тонам будан, к-ӯ ғолиб аст,
Он тараф афтам, ки ғолиб ҷозиб аст.
Чун Худо мехост аз ман сидқи зафт,
Хости ӯ чӣ суд? Чун пешаш нарафт.
Нафсу шайтон хости худро пеш бурд
В-он иноят қаҳр гашту хурду мурд.
Ту яке қасру саройе сохтӣ,
Андар ӯ сад нақши хуш афрохтӣ.
Хостӣ масҷид бувад он ҷойи хайр,
Дигаре омад, мар онро сохт дайр.
Ё ту бофидӣ яке карбос, то
Хуш бисозӣ баҳри пӯшидан қабо.
Ту қабо мехостӣ, хасм аз набард
Рағми ту карбосро шалвор кард.
Чораи карбос чӣ бвад ҷони ман!
Ҷуз забуни ройи он ғолиб шудан?
ӯ забун шуд, ҷурми ин карбос чист?
Он ки ӯ мағлуби ғолиб нест, кист?
Чун касе бе хости ӯ бар вай биронд,
Хорбун дар мулку хонай ӯ нишонд.
Соҳиби хона бад-ин хорӣ бувад,
Ки чунин бар вай халоқат меравад.
Ҳам халақ гардам ман, ар тоза-в навам,
Чунки ёри инчунин хорӣ шавам.
Чунки хоҳӣ, нафс омад мустаъон,
Тасхур омад: «айша шоъаллоҳу кон?»
Ман агар нанги муғон ё кофирам,
Он наям, ки бар Худо ин зан барам.
Ки касе нохоҳи ӯву рағми ӯ
Гардад андар мулкати ӯ ҳукмҷӯ!
Мулкати ӯро фурӯ гирад чунин,
Ки наёрад дам задан дамофарин!
Дафъи ӯ мехоҳаду мебоядаш,
Дев ҳар дам ғусса меафзоядаш!
Бандаи ин дев мебояд шудан,
Чунки ғолиб ӯст дар ҳар анҷуман.
То мабодо, к-ин кашад шайтон зи ман,
Пас чӣ дастам гирад он ҷо зулминан?
Он ки ӯ хоҳад, муроди ӯ шавад,
Аз кӣ кори ман дигар некӯ шавад?»

Страница 127/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj