Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Когда сочтут деяния твоей души и плоти,
Ты в судный день застрянешь, как тот осел в болоте.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Дарки виҷдоне чун ихтиёру изтирор ва хашму истибору сериву ноҳор ба ҷойи ҳисс аст, ки зард аз сурх бидонад ва фарқ кунад ва хурд аз бузург ва талх аз ширин ва мушк аз саргин ва дурушт аз нарм ба ҳисси масс ва гарм аз сард ва сӯзон аз ширгарм ва тар аз хушк ва масси девор аз масси дарахт. Пас мункири виҷдонӣ мункири ҳисс бошад ва зиёда, ки виҷдонӣ аз ҳисс зоҳиртар аст, зеро ҳиссро тавон бастан ва манъ кардан аз эҳсос ва бастани роҳ ва мадхал виҷдониётро мумкин нест «ва-л-оқилу якфиҳу-л-ишорат».

Дарки виҷдонӣ ба ҷойи ҳис бувад,
Ҳар ду дар як ҷадвал, эй ам, меравад.
Нағз меояд бар ӯ кун, ё макун,
Амру наҳйу моҷароҳову сухун.
Ин ки фардо ин кунам, ё он кунам?
Ин далели ихтиёр аст, эй санам!
В-он пушаймонӣ, ки хӯрдӣ з-он бадӣ,
З-ихтиёри хеш гаштӣ мӯҳтадӣ.
Ҷумла Қуръон амру наҳй асту ваъид,
Амр кардан санги мармарро кӣ дид?
Ҳеч доно, ҳеч оқил ин кунад?
Бо кулӯху санг хашму кин кунад?
Ки бигуфтам, к-инчунин кун, ё чунон,
Чун накардед? Эй мавоту оҷизон!
Ақл кай ҳукме кунад бар чӯбу санг?
Ақл кай чанге занад бар нақши чанг?
К-эй ғуломи бастадаст, ишкастапо!
Найза баргиру биё сӯйи вағо!
Холиқе, ки ахтару гардун кунад,
Амру наҳйи ҷоҳилона чун кунад?
Эҳтимоли аҷз аз Ҳақ рондӣ,
Ҷоҳилу гиҷу сафеҳаш хондӣ.
Аҷз набвад аз қадар в-ар гар бувад,
Ҷоҳилӣ аз оҷизӣ бадтар бувад.
Турк мегӯяд қунуқро аз карам:
«Бе сагу бе далқ о сӯйи дарам,
В-аз фалон сӯй андаро, ҳин, бо адаб,
То сагам бандад зи ту дандону лаб».
Ту ба акси он кунӣ, бар дар равӣ,
Лоҷарам аз захми саг хаста шавӣ.
Ончунон рав, ки ғуломон рафтаанд,
То сагаш гардад ҳалиму меҳрманд.
Ту саге бо худ барӣ, ё рӯбаҳе,
Саг бишӯрад аз буни ҳар хиргаҳе.
Ғайри Ҳақро гар набошад ихтиёр,
Хашм чун меоядат бар ҷурмдор?
Чун ҳамехоӣ ту дандон бар адӯ?
Чун ҳамебинӣ гуноҳу ҷурм аз ӯ?
Гар зи сақфи хона чӯбе бишканад,
Бар ту афтад, сахт маҷрӯҳат кунад.
Ҳеч хашме оядат бар чӯби сақф?
Ҳеч андар кини ӯ бошӣ ту вақф?
Ки чаро бар ман заду дастам шикаст?
ӯ адӯву хасми ҷони ман будаст.
Кӯдакони хурдро чун мезанӣ?
Чун бузургонро муназзаҳ мекунӣ?
Он ки дуздад моли ту, гӯйӣ бигир,
Дасту пояшро бибур, созаш асир!
В-он ки қасди аврати ту мекунад,
Садҳазорон хашм аз ту медамад.
Гар биёяд селу рахти ту барад,
Ҳеч бо сел оварад кине хирад?
В-ар биёмад боду дасторат рабуд,
Кай туро бо бод дил хашме намуд?
Хашм дар ту шуд баёни ихтиёр,
То нагӯйӣ ҷабриёна эътизор.
Гар шутурбон уштуреро мезанад,
Он шутур қасди зананда мекунад.
Хашми уштур нест бо он чӯби ӯ,
Пас зи мухторӣ шутур бурдаст бӯ.
Ҳамчунин саг, гар бар ӯ санге занӣ,
Бар ту орад ҳамла, гардад мунсанӣ.
Сангро гар гирад, аз хашми ту аст,
Ки ту дуриву надорад бар ту даст.
Ақли ҳайвонӣ чу донист ихтиёр,
Ин магӯ, эй ақли инсон, шарм дор.
Равшан аст ин, лек аз тамъи саҳур,
Он хуранда чашм мебандад зи нур.
Чунки куллӣ майли ӯ нон хӯрданест,
Рӯ ба торикӣ ниҳад, ки рӯз нест.
Ҳирс чун хуршедро пинҳон кунад,
Чӣ аҷаб гар пушт бар бурҳон кунад?

Страница 130/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj