Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Ҳикоят ҳам дар баёни тақрири иқтиёри халқ ва баёни он, ки тақдир ва қазо салбкунандаи ихтиёр нест

Гуфт дузде шаҳнаро, к-эй подшоҳ!
Он чӣ кардам, буд он ҳукми Илоҳ.
Гуфт шаҳна: «Он чӣ ман ҳам мекунам,
Ҳукми Ҳаққ аст, эй ду чашми равшанам!»
Аз дуконе гар касе турбе барад,
К-ин зи ҳукми Эзид аст, эй бохирад!
Бар сараш кӯбӣ ду-се мушт: «Эй кареҳ!
Ҳукми Ҳаққ аст ин, ки ин ҷо боз неҳ!»
Дар яке турра чу ин узр, эй фузул!
Менаёяд пеши баққоле қабул.
Чун бад-ин узр эътимоде мекунӣ?
Бар ҳаволӣй аждаҳое метанӣ?
Аз чунин узр, эй салими нонабил,
Хуну молу зан ҳама кардӣ сабил.
Ҳар касе пас сиблати ту барканад,
Узр орад, хешро музтар кунад.
Ҳукми Ҳақ гар узр мешояд туро,
Пас биёмӯзу бидеҳ фатво маро.
Ки маро сад орзуву шаҳват аст,
Дасти ман баста зи биму ҳайбат аст.
Пас карам кун, узрро таълим деҳ,
Баргушо аз дасту пойи ман гиреҳ.
Ихтиёрӣ кардаӣ ту пешае,
К-ихтиёре дораму андешае.
В-арна чун бигзидаӣ он пешаро?
Аз миёни пешаҳо, эй кадхудо!
Чунки ояд навбати нафсу ҳаво,
Бистмарда ихтиёр ояд туро.
Чун барад як ҳабба аз ту ёр суд,
Ихтиёри ҷанг дар ҷонат гушуд.
Чун биёяд навбати шукри ниъам,
Ихтиёрат нест? В-аз сангӣ ту кам?
Дӯзахатро узр ин бошад яқин,
К-андар ин сӯзиш маро маъзур бин.
Кас бад-ин ҳуҷҷат чу маъзурат надошт
В-аз кафи ҷаллод ин дурат надошт.
Пас бад-ин довар ҷаҳон манзум шуд,
Ҳоли он олам ҳамат маълум шуд.

Страница 131/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj