Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Всевышний спас меня от горя, четыре качества мне дав:
Прославленное имя, разум, здоровье и хороший нрав.
Любой, кому даны всевышним четыре качества такие,
Пройдет свой долгий путь без горя, людских печалей не узнав.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Ҳикоят ҳам дар ҷавоби ҷабрӣ ва исботи ихтиёр ва сиҳҳати амру наҳй ва баёни он ки узри ҷабрӣ дар ҳеч миллате ва дар ҳеч дине мақбул нест ва мӯҷиби халос нест аз сазои он кор, ки кардааст, чунонки халос наёфт Иблиси ҷабрӣ бад-он ки гуфт: «Бимо ағвайтанӣ ва-л-қалилу ядуллу ала-л-касир».

Он яке мерафт болои дарахт,
Мефишонд он меваро дуздона сахт.
Соҳиби боғ омаду гуфт: «Эй данӣ,
Аз Худо шармет ку? Чӣ мекунӣ?»
Гуфт: «Аз боғи Худо бандай Худо,
Гар хурад хурмо, ки Ҳақ кардаш ато.
Омиёна чӣ маломат мекунӣ?
Бухл бар хони Худованди ғанӣ?»
Гуфт: «Эй айбак, биёвар он расан,
То нагӯям ман ҷавоби булҳасан».
Пас бибасташ сахт он дам бар дарахт,
Мезад ӯ бар пушту соқаш чӯб сахт.
Гуфт: «Охир аз Худо шарме бидор,
Мекушӣ ин бегунаҳро зор-зор».
Гуфт: «Аз чӯби Худо ин бандааш
Мезанад бар пушти дигар банда хваш.
Чӯби Ҳаққу пушту паҳлӯ они ӯ,
Ман ғулому олати фармони ӯ».
Гуфт: «Тавба кардам аз ҷабр, эй аёр,
Ихтиёр аст, ихтиёр аст, ихтиёр».
Ихтиёрот ихтиёраш ҳаст кард,
Ихтиёраш чун саворе зери гард.
Ихтиёраш ихтиёри мо кунад,
Амр шуд бар ихтиёрӣ мустанад.
Ҳокимӣ бар сурати беихтиёр
Ҳаст ҳар махлуқро дар иқтидор.
То кашад беихтиёре сайдро,
То барад бигрифта гӯш ӯ Зайдро.
Лек бе ҳеч олате сунъи самад
Ихтиёрашро каманди ӯ кунад.
Ихтиёраш Зайдро қайдаш кунад,
Бе сагу бе дом Ҳақ сайдаш кунад.
Он даравгар ҳокими чӯбӣ бувад
В-он мусаввир ҳокими хубӣ бувад.
Ҳаст оҳангар бар оҳан қаййиме,
Ҳаст банно ҳам бар олат ҳокиме.
Нодир ин бошад, ки чандин ихтиёр
Соҷид андар ихтиёраш бандавор.
Қудрати ту бар ҷамодот аз набард
Кай ҷамодеро аз онҳо нафй кард?
Қудраташ бар ихтиёрот ончунон,
Нафй накнад ихтиёреро аз он.
Хосташ мегӯйӣ бар ваҷҳи камол,
Ки набошад нисбати ҷабру залол.
Чунки гуфтӣ куфри ман хости вай аст,
Хости худро низ ҳам медон, ки ҳаст.
З-он ки бе хоҳи ту худ куфри ту нест,
Куфри бехоҳиш таноқуз гуфтанест.
Амр оҷизро қабеҳ асту замим,
Хашм баттар, хоса аз рабби раҳим.
Гов гар юғе нагирад, мезананд,
Ҳеч гове, ки напаррад, мезананд?
Гов чун маъзур набвад дар фузул,
Соҳиби гов аз чӣ маъзур асту дул?
Чун найӣ ранҷур, сарро бармабанд,
Ихтиёрат ҳаст, бар сиблат маханд.
Ҷаҳд кун, к-аз ҷоми Ҳақ ёбӣ навӣ,
Бехуду беихтиёр он гаҳ шавӣ.
Он гаҳ он майро бувад кулл ихтиёр,
Ту шавӣ маъзури мутлақ маствор.
Ҳар чӣ кӯбӣ, кӯфта мебошад он,
Ҳар чӣ рӯбӣ, рӯфта мебошад он.
Кай кунад он маст ҷуз адлу савоб,
Ки зи ҷоми Ҳақ кашидаст ӯ шароб.
Ҷодувон Фиръавнро гуфтанд: «Бист,
Мастро парвои дасту пой нест».
Дасту пойи ман майи он воҳид аст,
Дасти зоҳир соя асту косид аст.

Страница 132/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj