Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Когда сочтут деяния твоей души и плоти,
Ты в судный день застрянешь, как тот осел в болоте.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Маънии «мошоаллоҳу кона», яъне хост хости ӯст, ризои ӯ ҷӯед, аз хашми дигарон ва радди дигарон дилтанг мабошед. Ин «кона» агарчи лафзи мозист, лекин дар феъли Худо мозӣ ва мустақбал набошад, ки «лайса индаллоҳи сабоҳун ва ло масоун»

Қавли банда «айша шоаллоҳу кон»
Баҳри он набвад, ки тунбал кун дар он.
Балки таҳриз аст бар ихлосу ҷидд,
Ки дар он хидмат фузун шав мустаъидд.
Гар бигӯянд: «Он чӣ мехоҳӣ ту род,
Кор кори туст бар ҳасби мурод».
Он гаҳ он тунбал кунӣ ҷоиз бувад,
К-он чӣ хоҳӣ в-он чӣ гӯйӣ, он шавад.
Чун бигӯянд: «Айша шоъаллоҳу кон,
Ҳукм ҳукми ӯст мутлақ, ҷовидон».
Пас чаро сад марда андар вирди ӯ
Барнагардӣ бандагона гирди ӯ?
Гар бигӯянд: «Он чӣ мехоҳад вазир,
Хост они ӯст андар доругир».
Гирди ӯ гардон шавӣ сад марда зуд,
То бирезад бар сарат эҳсону ҷуд.
Ё гурезӣ аз вазиру қасри ӯ?
Ин набошад ҷустуҷӯйи насри ӯ.
Божгуна з-ин сухан коҳил шудӣ,
Мунъакис идроку хотир омадӣ.
«Амр амри он фалон хоҷаст», ҳин!
Чист? Яъне бо ҷуз ӯ камтар нишин.
Гирди хоҷа гард, чун амр они ӯст,
К-ӯ кушад душман, раҳонад ҷони дӯст.
Ҳар чӣ ӯ хоҳад, ҳамон ёбӣ яқин,
Ёва кам рав, хидмати ӯ баргузин.
Не чу ҳоким ӯст, гирди ӯ магард,
То шавӣ номасиёҳу рӯйзард.
Ҳақ бувад таъвил, к-он гармат кунад,
Пурумеду чусту бошармат кунад
В-ар кунад сустат, ҳақиқат ин бидон:
Ҳаст табдилу на таъвил аст он.
Ин барои гарм кардан омадаст,
То бигирад ноумедонро ду даст.
Маънии Қуръон зи Қуръон пурсу бас
В-аз касе, к-оташ задаст андар ҳавас.
Пеши Қуръон гашт қурбониву паст,
То ки айни рӯҳи ӯ Қуръон шудаст.
Равғане, к-ӯ шуд фидои гул ба кул,
Хоҳ равған бӯй кун, хоҳӣ ту гул.

Страница 133/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj