Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Прелесть смоляных, вьющихся кудрей
От багряных роз кажется нежней.
В каждом узелке - тысяча сердец,
В каждом завитке - тысяча скорбей.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Пурсидани подшоҳ қосиди Аёзро, ки чандин ғаму шодӣ бо чоруқу пӯстин, ки ҷамод аст, мегӯйӣ, то Аёзро дар сухан овард

Эй Аёз, ин меҳрҳо бар чоруқе
Чист охир? Ҳамчу бар бут ошиқе.
Ҳамчу Маҷнун аз рухи Лайлии хеш
Кардаӣ ту чоруқеро дину кеш?
Бо ду кӯҳна меҳри ҷон омехта,
Ҳар дуро дар ҳуҷрае овехта.
Чанд гӯйӣ бо ду кӯҳна нав сухан?
Дар ҷамоде медамӣ сирри куҳан?
Чун араб бо рабъу атлол, эй Аёз!
Мекашӣ аз ишқ гуфти худ дароз.
Чоруқат рабъи кадомин Осаф аст?
Пӯстин гӯйӣ, ки куртай Юсуф аст.
Ҳамчу тарсо, ки шуморад бо кашиш
Ҷурми яксола зинову ғуллу ғиш.
То биёмурзад кашиш з-ӯ он гуноҳ,
Афви ӯро афв донад аз Илоҳ.
Нест огаҳ он кашиш аз ҷурму дод,
Лек бас ҷодуст ишқу эътиқод.
Дӯстиву ваҳм сад Юсуф танад,
Асҳар аз Ҳоруту Морут аст х(в)ад.
Сурате пайдо кунад бар ёди ӯ,
Ҷазби сурат орадат дар гуфтугӯ,
Роз гӯйӣ пеши сурат сад ҳазор,
Ончунон ки ёр гӯяд пеши ёр.
На бад-он ҷо сурате, на ҳайкале,
Зода аз вай сад «аласт»-у сад бале.
Ончунон ки модари дилбурдае
Пеши гӯри баччаи навмурдае,
Розҳо гӯяд ба ҷидду иҷтиҳод,
Менамояд зинда ӯро он ҷамод.
Ҳаййу қойим донад ӯ он хокро,
Чашму гӯше донад ӯ хошокро.
Пеши ӯ ҳар зарраи он хоки гӯр
Гӯш дорад, ҳуш дорад вақти шӯр.
Мустамеъ донад ба ҷидд он хокро,
Хуш нигар ин ишқи соҳирнокро.
Ончунон бар хоки гӯри тоза ӯ
Дам ба дам хуш мениҳад бо ашк рӯ.
Ки ба вақти зиндагӣ ҳаргиз чунон
Рӯй нанҳодаст бар пури чу ҷон.
Аз азо чун чанд рӯзе бигзарад,
Оташи он ишқи ӯ сокин шавад.
Ишқ бар мурда набошад пойдор,
Ишқро бар ҳаййи ҷонафзой дор.
Баъд аз он з-он гӯр худ хоб оядаш,
Аз ҷамодӣ ҳам ҷамоде зоядаш.
З-он ки ишқ афсуни худ бирбуду рафт,
Монд хокистар, чу оташ рафт тафт.
Он чӣ бинад он ҷавон дар ойина,
Пир андар хишт мебинад ҳама.
Пир ишқи туст, на риши сапед,
Дастгири садҳазорон ноумед.
Ишқ суратҳо бисозад дар фироқ,
То мусаввар сар кунад вақти талоқ
Ки манам он асли асли ҳушу маст,
Бар сувар он ҳусн акси мо будаст.
Пардаҳоро ин замон бардоштам,
Ҳуснро бевосита бифроштам.
З-он ки бас бо акси ман дарёфтӣ,
Қуввати таҷриди зотам ёфтӣ,
Чун аз ин сӯ ҷазбаи ман шуд равон,
ӯ кашишро менабинад дар миён.
Мағфират мехоҳад аз ҷурму хато,
Аз паси он парда, аз лутфи Худо.
Чун зи санге чашмае ҷорӣ шавад,
Санг андар чашма мутворӣ шавад.
Кас нахонад баъд аз он ӯро ҳаҷар,
З-он ки ҷорӣ шуд аз он санг он гуҳар.
Косаҳо дон ин суваро в-андар ӯ
Он чӣ Ҳақ резад, бад-он гирад ъулӯ.

Страница 137/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj