|
|
|
|
|
|
|
|
|
Пятая тетрадь |
|
|
Рафтани амир хашмолуд барои гӯшмоли зоҳидМир чун оташ шуду барҷаст рост, Гуфт: «Бинмо, хонаи зоҳид куҷост? То бад-ин гурзи гарон кӯбам сараш, Он сари бедониши модарғараш. ӯ чӣ донад амри маъруф аз сагӣ, Толиби маъруфӣ асту шаҳрагӣ. То бад-ин солус худро ҷо кунад, То ба чизе хештан пайдо кунад. К-ӯ надорад худ ҳунар, илло ҳамон, Ки тасаллус мекунад бо ину он. ӯ агар девона асту фитнаков, Доруи девона бошад кери гов. То ки шайтон аз сараш берун равад, Бе лати харбандагон хар чун равад?» Мир берун ҷаст, даббусе ба даст, Нимшаб омад ба зоҳид ниммаст. Хост куштан марди зоҳидро зи хашм, Марди зоҳид гашт пинҳон зери пашм. Марди зоҳид мешунид аз мир он Зери пашми он расантобон ниҳон. Гуфт: «Дар рӯ гуфтани зиштии мард Ойина тонад, ки рӯро сахт кард. Рӯй бояд ойинавор, оҳанин, Тот гӯяд: Рӯйи зишти худ бибин».
Страница 146/177 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|