Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Не диво, что стремлюсь я в край родной: Ведь родина, как жизнь, душе близка. Прольют на море дождик проливной, Из моря же взяв воду, облака. Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Ҳикояти мот кардани Далқак Саййидшоҳи Тирмизро

Шоҳ бо Далқак ҳаме шатранҷ бохт,
Мот кардаш зуд, хашми шаҳ битохт.
Гуфт «шаҳ, шаҳ» в-он шаҳи кибровараш
Як-як аз шатранҷ мезад бар сараш.
Ки бигир инак шаҳат, эй қалтабон!
Сабр кард он Далқаку гуфт: «Ал-амон».
Дасти дигар бохтан фармуд мир,
ӯ чунон ларзон, ки ур аз замҳарир.
Бохт дасти дигару шаҳ мот шуд,
Вақти «шаҳ-шаҳ» гуфтану миқот шуд.
Барҷаҳид он Далқаку дар кунҷ рафт,
Шаш намад бар худ фиганд аз бим тафт.
Зери болишҳову зери шаш намад
Хуфт пинҳон, то зи хашми шаҳ раҳад.
Гуфт шаҳ: «Ҳай-ҳай, чӣ кардӣ? Чист ин?»
Гуфт: «Шаҳ, шаҳ, шаҳ, шаҳ, эй шоҳи гузин!
Кай тавон Ҳақ гуфт ҷуз зери лиҳоф?
Бо ту, эй хашмовари оташсиҷоф?
Эй ту моту ман зи захми шоҳ мот,
Мезанам «шаҳ, шаҳ» ба зери рахтҳот».
Чун маҳалла пур шуд аз ҳайҳойи мир
В-аз лагад бар дар задан в-аз дору гир.
Халқ берун ҷаст зуд аз чаппу рост,
К-эй муқаддам, вақти афв асту ризост.
Мағзи ӯ хушк асту ақлаш ин замон
Камтар аст аз ақлу фаҳми кӯдакон.
Зӯҳду пирӣ, заъф бар заъф омада
В-андар он зӯҳдаш гушоде ношуда.
Ранҷ дида, ганҷ нодида зи ёр,
Корҳо карда, надида музди кор.
Ё набуд он кори ӯро худ гуҳар,
Ё наёмад вақти подош аз қадар.
Ё ки буд он саъй чун саъйи ҷуҳуд,
Ё ҷазо вобастаи миқот буд.
Мар варо дарду мусибат ин бас аст,
Ки дар ин водии пурхун бекас аст.
Чашм пурдарду нишаста ӯ ба кунҷ,
Рӯ туруш карда, фурӯ афганда лунҷ.
На яке каҳҳол, к-ӯро ғам х(в)арад,
Не-ш ақле, ки ба кӯҳле пай барад.
Иҷтиҳоде мекунад бо ҳазру зан,
Кор дар бук аст то некӯ шудан.
З-он раҳаш дур аст то дидори дӯст,
К-ӯ наҷӯяд сар, раисиш орзуст.
Соате ӯ бо Худо андар итоб,
Ки насибам ранҷ омад з-ин ҳисоб.
Соате бо баҳси худ андар ҷидол,
Ки ҳама паррону мо бибридабол!
Ҳар кӣ маҳбус аст андар бӯву ранг,
Гарчи дар зӯҳд аст, бошад хуш танг.
То бурун н-ояд аз ин тангин мунох,
Кай шавад хӯяш хушу садраш фарох?
Зоҳидонро дар хало пеш аз гушод
Корду устурра нашояд ҳеч дод.
К-аз заҷар худро бидарронад шикам,
Ғуссаи он бемуродиҳову ғам.

Страница 147/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj