Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Прелесть смоляных, вьющихся кудрей
От багряных роз кажется нежней.
В каждом узелке - тысяча сердец,
В каждом завитке - тысяча скорбей.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Ҳикояти он меҳмон, ки зани худованди хона гуфт, ки «борон фурӯ гирифт ва меҳмон дар гардани мо монд»

Он якеро бегаҳон омад қунуқ,
Сохт ӯро ҳамчу тавқ андар унуқ.
Хон кашид ӯро, кароматҳо намуд,
Он шаб андар кӯйи эшон сур буд.
Мард занро гуфт пинҳонӣ сухун,
К-имшаб, эй хотун, ду ҷомай хоб кун.
Бистари моро бигустар сӯйи дар,
Баҳри меҳмон густар он сӯйи дигар».
Гуфт зан: «Хидмат кунам, шодӣ кунам,
Самъу тоъа, эй ду чашми равшанам!»
Ҳар ду бистар густариду рафт зан,
Сӯйи хатнасур кард он ҷо ватан.
Монд меҳмони азизу шавҳараш,
Нуқл бинҳоданд аз хушку тараш.
Дар самар, гуфтанд ҳар ду мунтахаб
Саргузашти неку бад то ними шаб.
Баъд аз он меҳмон зи хобу аз самар
Шуд дар он бистар, ки буд он сӯйи дар.
Шавҳар аз хиҷлат бад-ӯ чизе нагуфт,
Ки туро ин сӯст, эй ҷон, ҷойи ҷуфт,
Ки барои хоби ту, эй булкарам!
Бистар он сӯйи дигар афгандаам.
Он қароре, ки ба зан ӯ дода буд,
Гашт мубдал в-он тараф меҳмон ғунуд.
Он шаб он ҷо сахт борон даргирифт,
К-аз ғализий абрашон омад шигифт.
Зан биёмад бар гумони он ки шӯ,
Сӯйи дар хуфтасту он сӯ он аму.
Рафт урён дар лиҳоф он дам арӯс,
Дод меҳмонро ба рағбат чанд бӯс.
Гуфт метарсидам, эй марди калон!
Худ ҳамон омад, ҳамон омад, ҳамон.
Марди меҳмонро гилу борон нишонд,
Бар ту чун собуни султонӣ бимонд.
Андар ин борону гил ӯ кай равад?
Бар сару ҷони ту ӯ товон шавад».
Зуд меҳмон ҷасту гуфт: «Эй зан, биҳил,
Мӯза дорам, ғам надорам ман зи гил.
Ман равон гаштам, шуморо хайр бод,
Дар сафар як дам мабодо рӯҳ шод.
То ки зутар ҷониби маъдан равад,
К-ин хушӣ андар сафар раҳзан шавад».
Зан пушаймон шуд аз он гуфтори сард,
Чун рамиду рафт он меҳмони фард.
Зан басе гуфташ, ки охир, эй амир,
Гар мизоҳе кардам, аз тибат магир.
Саҷдаву зории зан суде надошт,
Рафту эшонро дар он ҳасрат гузошт.
Ҷома азрақ кард з-он пас марду зан,
Сураташ диданд шамъе бе лаган.
Мешуду саҳро зи нури шамъи мард
Чун биҳишт аз зулмати шаб гашта фард.
Кард мехмонхона хонай хешро
Аз ғаму аз хиҷлати ин моҷаро.
Дар даруни ҳар ду аз роҳи ниҳон,
Ҳар замон гуфтӣ хаёли меҳмон.
Ки манам ёри Хизир, сад ганҷу ҷуд
Мефишондам, лек рӯзитон набуд.

Страница 155/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj