Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Ты украшаешь мир, ты - солнце и луна,
А в солнце лишь краса твоя отражена!
Виденье дивных уст в душе не утаить -
Оно и в блестках брызг искристого вина.
Надира
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Пятая тетрадь

 
rumi

Тамсили фикри ҳаррӯзина, ки андар дил ояд, ба меҳмони нав, ки аз аввали рӯз дар хона фуруд ояд ва таҳаккуму бадхӯйӣ кунад ба худованди хона ва фазилати меҳмоннавозиву нози меҳмон кашидан

Ҳар даме фикре чу меҳмони азиз
Ояд андар синаат, ҳар рӯз низ.
Фикрро, эй ҷон, ба ҷойи шахс дон,
З-он ки шахс аз фикр дорад қадру ҷон.
Фикри ғам гар роҳи шодӣ мезанад,
Корсозиҳои шодӣ мекунад.
Хона мерӯбад ба тундӣ ӯ зи ғайр,
То дарояд шодии нав з-асли хайр.
Мефишонад барги зард аз шохи дил,
То бирӯяд барги сабзи муттасил.
Меканад бехи сурури кӯҳнаро,
То хиромад завқи нав аз моваро.
Ғам канад бехи кажи пӯсидаро,
То намояд бехи рӯпӯшидаро.
Ғам зи дил ҳар чӣ бирезад, ё барад,
Дар иваз ҳаққо, ки беҳтар оварад.
Хоса онро, ки яқинаш бошад ин,
Ки бувад ғам бандаи аҳли яқин.
Гар турушрӯйӣ наёрад абру барқ,
Раз бисӯзад аз табассумҳои Шарқ.
Саъду наҳс андар дилат меҳмон шавад,
Чун ситора хона-хона меравад.
Он замон, ки ӯ муқими бурҷи туст,
Бош ҳамчун толеъаш ширину чуст.
То ки бо маҳ чун шавад ӯ муттасил,
Шукр гӯяд аз ту бо султони дил.
Ҳафт сол Айюб бо сабру ризо
Дар бало хуш буд бо зайфи Худо.
То чу вогардад балои сахтрӯ,
Пеши Ҳақ гӯяд ба сад гун шукр ӯ.
Каз муҳаббат, бо мани маҳбубкуш,
Рӯ накард Айюб як лаҳза туруш.
Аз вафову хиҷлати илми Худо,
Буд чун ширу асал ӯ бо бало.
Фикр дар сина дарояд нав ба нав,
Ханд-хандон пеши ӯ ту бозрав.
Ки «аизнӣ холиқӣ мин шарриҳи,
Ло туҳарримнӣ, анил мин бирриҳи.
Рабби авзиъни ли шукри мо аро,
Ло туъаққиб ҳасратан лӣ ин мазо».
Он замири рӯтурушро пос дор,
Он турушро чун шакар ширин шумор.
Абрро гар ҳаст зоҳир рӯтуруш,
Гулшанорандаст абру шӯракуш.
Фикри ғамро ту мисоли абр дон,
Бо туруш ту рӯ туруш кам кун чунон.
Бу, ки он гавҳар ба дасти ӯ бувад,
Ҷаҳд кун, то аз ту ӯ розӣ равад
В-ар набошад гавҳару набвад ғанӣ,
Одати ширини худ афзун кунӣ.
Ҷойи дигар суд дорад одатат,
Ногаҳон рӯзе барояд ҳоҷатат.
Фикрате, к-аз шодият монеъ шавад,
Он ба амру ҳикмати сонеъ шавад.
Ту махон ду чор донгаш, эй ҷавон,
Бу, ки наҷме бошаду соҳибқирон.
Ту магӯ фаръест, ӯро асл гир,
То бувӣ пайваста бар мақсуд чир
В-ар ту онро фаръ гириву музир,
Чашми ту дар асл бошад мунтазир.
Заҳр омад интизор андар чашиш,
Доимо дар марг бошӣ з-он равиш.
Асл дон онро, бигираш дар канор,
Бозраҳ доим зи марги интизор.

Страница 156/177
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Четвертая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj