|
Васиййят кардани падар духтарро, ки худро нигаҳ дор, то ҳомила нашавӣ аз шавҳаратХоҷае будаст, ӯро духтаре, Зӯҳрахадде, маҳрухе, симинбаре. Гашт болиғ, дод духтарро ба шӯ, Шӯ набуд андар кифоъат куфви ӯ. Харбуза чун даррасад, шуд обнок, Гар бинашкофӣ, талаф гашту ҳалок. Чун зарурат буд, духтарро бидод ӯ ба нокуфве зи тахвифи фасод. Гуфт духтарро, к-аз ин домоди нав Хештан парҳез кун, ҳомил машав. К-аз зарурат буд ақди ин гадо, Ин ғарибишморро набвад вафо. Ногаҳон биҷҳад, кунад тарки ҳама, Бар ту тифли ӯ бимонад мазлама». Гуфт духтар, к-эй падар, хидмат кунам, Ҳаст пандат дилпазиру муғтанам. Ҳар ду рӯзе, ҳар се рӯзе он падар Духтари худро бифармудӣ ҳазар. Ҳомила шуд ногаҳон духтар аз ӯ, Чун бувад ҳар ду ҷавон хотуну шӯ? Аз падар ӯро хафӣ медошташ, Панҷмоҳа гашт кӯдак, ё ки шаш. Гашт пайдо, гуфт бобо: «Чист ин? Ман нагуфтам, ки аз ӯ дурӣ гузин? Ин васийятҳои ман худ бод буд? Ки накардат панду ваъзам ҳеч суд». Гуфт: «Бобо, чун кунам парҳез ман? Оташу пунбаст бешак марду зан. Пунбаро парҳез аз оташ куҷост? Ё дар оташ кай ҳифоз асту туқост?» Гуфт: «Ман гуфтам, ки сӯйи ӯ марав, Ту пазирои мании ӯ машав. Дар замони ҳолу инзолу х(в)ашӣ Хештан бояд, ки аз вай даркашӣ». Гуфт: «Кай донам, ки инзолаш кай аст, Ин ниҳон асту ба ғоят махфӣ аст». Гуфт: «Чашмаш чун калопеса шавад, Фаҳм кун, к-он вақти инзолаш бувад». Гуфт: «То чашмаш калопеса шудан Кӯр гаштаст ин ду чашми кӯри ман». Нест ҳар ақле, ҳақире пойдор, Вақти ҳирсу вақти хашму корзор.
Страница 158/177 |