|
Ҷилди I: АНДАР ЗОДАНИ ФАРИДУН
Зи модар ҷудо шуд чу товуси нар,
Ба ҳар мӯй-бар тоза ранги дигар.
Шуда анҷуман бар сараш бихрадон,
Ситорашиносону ҳам мӯбадон,
Ки кас дар ҷаҳон гов чунон надид,
На аз пирсар кордонон шунид.
Замин кард Заҳҳок пургуфтугӯй,
Ба гирди замин дар ҳамин ҷустуҷӯй.
Фаридун, ки будаш падар Обтин,
Шуда танг бар Обтин-бар замин.
Гурезону аз хештан гашта сер,
Баровехт ногоҳ дар доми шер.
Аз он рӯзбонони нопокмард,
Тане чанд рӯзе бад-ӯ боз х(в)ард.
1 2 3 4 5 6 >>> |