|
Ҷилди I: РАФТАНИ ФАРИДУН БА ҶАНГИ ЗАҲҲОК
Гузоред яксар бар ин рӯи об.
Бад-он тозиён гуфт пирӯз шоҳ,
Ки «Киштӣ барафкан ҳам акнун ба роҳ.
Маро бо сипоҳам бад-он сӯ расон,
Аз инҳо якеро бад-ин сӯ намон.»
Наёвард киштӣ нигаҳбони рӯд,
Наёмад ба гуфти Фаридун фуруд.
Чунин дод посух, ки «Шоҳи ҷаҳон
Чунин гуфт бо ман сухан дар ниҳон,
Маро гуфт, киштӣ марон, то нахуст
Ҷавозе биёбӣ ба мӯҳрам дуруст».
Фаридун чу бишнид, шуд хашмнок,
Аз он жарфдарё наёмад-ш бок.
Ба тундӣ миёни каёнӣ бубаст,
Бар он бораи шердил барнишаст. 1 2 3 4 5 6 7 8 9 >>> |