|
Ҷилди I: РАШК БУРДАНИ САЛМ БАР ЭРАҶ
Баромад бар ин рӯзгори дароз,
Замона ба дил-бар ҳамедошт роз.
Фаридуни фарзона шуд солх(в)ард,
Ба боғи баҳор андаровард гард.
Бар ин гуна гардад саросар сухан,
Шавад суст нерӯ, чу гардад куҳан.
Чу омад ба кор - андарун тирагӣ,
Гирифтанд пурмоягон хирагӣ.
Биҷунбид мар Салмро дил зи ҷой,
Дигаргунатар шуд ба оину рой.
Дилаш гашта ғарқа ба оз - андарун,
Ба андеша* биншаст бо раҳнамун.
Набудаш писандида бахши падар,
Ки додаш ба кеҳтарписар тахти зар.
Ба дил пур зи кин шуд, ба рух пур зи чин, 1 2 3 4 5 >>> |