|
Ҷилди I: ГИРИФТАНИ ҚОРАН ДИЖИ АЛОНОНРО
Намоям бад-ӯ мӯҳри ангуштарӣ.
Чу дар диж шавам, барфарозам дурафш
Дурафшон кунам теғҳои бунафш.
Шумо рӯй яксар сӯи диж ниҳед,
Чу ман бархурӯшам, кашеду диҳед».
Сипаҳро ба наздики дарё бимонд
Ба Шерӯи шеравжану худ биронд.
Биёмад, чу наздики диж даррасид,
Сухан гуфту диждор мӯҳраш бидид.
Бад-ӯ гуфт: «К-аз назди Тур омадам,
Нафармуд, то як замон дам задам.
Маро гуфт, шав сӯи дижбон, бигӯй,
Ки рӯзу шаб орому хушшӣ маҷӯй,
Ту бо ӯ ба неку ба бад ёр бош, 1 2 3 4 5 6 7 8 >>> |