|
Ҷилди I: РОЙ ЗАДАНИ СОМ БО МӮБАДОН ДАР КОРИ ЗОЛ
Ба Соми Наримон ситорашумар
Чунин гуфт, к-«Эй гурди зарринкамар,
Туро мужда аз духти Меҳробу Зол,
Ки бошанд ҳар ду ду фаррухҳамол.
Аз ин ду ҳунарманд пиле жиён
Биёяд, бибандад ба мардӣ миён.
Ҷаҳоне зи пой андарорад ба теғ,
Ниҳад тахти шоҳ аз бари пушти меғ.
Бибуррад паи бадсиголон зи хок,
Ба рӯи замин - бар намонад мағок.
На Сагсор монад, на Мозандарон,
Заминро бишӯяд ба гурзи гарон.
Аз ӯ бештар бад ба Турон расад,
Ҳама некуӣ з-ӯ ба Эрон расад. 1 2 3 4 5 >>> |