|
Ҷилди I: ОГОҲ ШУДАНИ МЕҲРОБ АЗ КОРИ
ДУХТАРАШ
Агар Соми ял бо Манучеҳршоҳ
Биёбанд бар мо яке дастгоҳ,
Зи Кобул барояд ба хуршед дуд,
Намонад бар ин бум кишту дуруд».
Чунин гуфт Синдухт, к-«Эй паҳлавон,
Аз ин дар магардон ба хира забон,
К-аз ин огаҳӣ ёфт Соми савор,
Ба дил тарсу тимор чандин мадор.
Вай аз Гургсорон бад-ин гашт боз,
Кушода шудаст ин сухан, нест роз».
Чунин гуфт Меҳроб, к-«Эй моҳрӯй,
Сухан ҳеч бо ман ба кажжӣ магӯй.
Чунин худ кай андархурад бо хирад,
Ки мар хокро бод фармон барад. 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 >>> |