Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Ахлоқи Мӯҳсинӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Фирдавси


Ҷилди I: ҲАШМ ГИРИФТАНИ МЕҲРОБ БАР СИНДУХТ

Бигӯй он чӣ донию ҷонро бикӯш,
Ва ё ҷомаи хун ба тан-бар бипӯш».

Бад-ӯ гуфт Синдухт, к-«Эй сарфароз,
Бувад, к-ат наёяд ба хунам ниёз.

Маро рафт бояд ҳаме пеши Сом,
Кашидан мар ин теғро аз ниём.

Бигӯям бад-ӯ, он чӣ гуфтан сазад,
Хирад хомгуфторҳоро пазад.

Зи ман ранҷи ҷону зи ту хоста,
Супурдан ба ман ганҷи ороста».

Бад-ӯ гуфт Меҳроб, к-«Инак калид,
Ғами ганҷ ҳаргиз набояд кашид.

Парастандаву аспу тахту кулоҳ,
Биёрою бо хештан бар ба роҳ.
1   2   3   4   5   >>>
Шоҳнома
Ҷустуҷӯ
Луғат










 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj