|
Ҷилди I: ПОСУХ ДОДАНИ ЗОЛ МӮБАДОНРО
Аз он баҳраи мо яке чодар аст.
Чу пӯшанд бар рӯи мо хишту хок,
Ҳама ҷои тарс асту тимору бок.
Биёбону он мард бо тез дос,
Тару хушкро з-ӯ дил андар ҳарос.
Тару хушк як сон ҳаме бидравад,
В-агар лоба созӣ, сухан нашнавад.
Даравгар замон асту мо чун гиё,
Ҳам онаш набера, ҳам онаш ниё.
Ба пиру ҷавон як ба як нангарад,
Шикоре, ки пеш оядаш, бишкарад.
Ҷаҳонро чунин аст созу ниҳод,
Ки ҷуз маргро кас зи модар назод.
Аз ин дар дарояд, аз он бигзарад, 1 2 3 4 5 >>> |