|
Ҷилди I: ПОСУХИ НОМАИ СОМ АЗ МАНУЧЕҲР
Бари духтар омад сарояндароз.
Ҳаме мужда додаш ба дидори Зол,
Ки «Чун ёфтӣ ту, ки бояд ҳамол.
Зану мардро аз баландӣ маниш
Сазад, гар барояд сар аз сарзаниш.
Сӯи коми дил тез* биштофтӣ,
Кунун ҳар чи ҷустӣ, ҳама ёфтӣ».
Бад-ӯ гуфт Рӯдоба, к-«Эй шоҳзан,
Сазои ситоиш ба ҳар анҷуман.
Ман аз хоки пои ту болин кунам,
Ба фармон-т ороиши дин кунам.
Зи ту чашми оҳарманон дур бод,
Дилу ҷони ту хонаи сур бод!»
Чу бишнид Синдухт гуфтори ӯй, 1 2 3 4 5 6 7 >>> |