|
Ҷилди II: ХОНИ ЧАҲОРУМ
КУШТАНИ РУСТАМ ЗАНИ ҶОДУРО
Ки дар дашти Мозандарон ёфт хон,
Маю руд бо майгусори ҷавон.
Надонист, к-ӯ ҷодуи риман аст,
Нуҳуфта ба ранг-андар Аҳриман аст.
Яке тоси май бар кафаш барниҳод,
Зи додори некидиҳиш кард ёд.
Чу овоз дод, аз худованди меҳр
Дигаргуна баргашт ҷоду ба чеҳр.
Равонаш гумони ситоиш надошт,
Забонаш тавони ниёиш надошт.
Сияҳ гашт, чун номи Яздон шунид,
Таҳамтан сабук чун бад-ӯ бингарид.
Бияндохт аз бод хамми каманд,
Сари ҷоду овард ногаҳ ба банд.
1 2 3 4 >>> |