|
Ҷилди II: РАСИДАНИ СӮҲРОБ БА ДИЖИ САПЕД
Ба гӯш омадаш, тез бинҳод рӯй.
Сабук найза бар найза андохтанд,
Ки аз якдигар боз нашнохтанд.
Чу оташ биёмад гави пилзӯр,
Чу кӯҳе равон кард аз ҷо сутур.
Яке найза зад бар миёнаш Ҳаҷир,
Наёмад синон андар ӯ ҷойгир.
Синон боз пас кард Сӯҳроби шер,
Буни найза зад бар миёнаш далер.
Зи зин баргирифташ ба кирдори бод,
Наёмад ҳаме з-ӯ ба дил-дар-ш ёд.
Бизад бар заминаш чу як лахти кӯҳ,
Ба ҷону дилаш андаромад сутӯҳ.
Зи асп андаромад, нишаст аз бараш,
Ҳаме хост аз тан буридан сараш. 1 2 3 >>> |