|
Ҷилди II: ЛАШКАР КАШИДАНИ КОВУС БО РУСТАМ
Чу Сӯҳроб аз он гуна ово шунид,
Ба бора баромад, сипаҳ бингарид.
Ба ангушт лашкар ба Ҳумон намуд,
Сипоҳе, ки онро карона набуд.
Чу Ҳумон зи дур он сипаҳро бидид,
Дилаш гашт пурбиму дам даркашид.
Ба Ҳумон чунин гуфт Сӯҳроби гурд,
Ки андеша аз дил бибояд сутурд.
Набинӣ ту з-ин лашкари бекарон
Яке марди ҷангиву гурзи гарон,
Ки пеши ман ояд ба овардгоҳ,
Гар эдун, ки ёрӣ диҳад ҳуру моҳ.
Силеҳ аст бисёру мардум басе,
Сарафроз номӣ надонам касе. 1 2 3 >>> |