|
Ҷилди II: ОШТӢ ХОСТАНИ ПАШАНГ
АЗ КАЙҚУБОД
Шунидӣ, ки бо шоҳ Нӯзар чӣ кард,
Дили дому дад шуд пур аз доғу дард.
Зи кина ба Ағрираси пурхирад
На он кард, к-аз мардумӣ дархурад.
Зи кирдори бад гар пушаймон шавед,
Ба наввӣ зи сар боз паймон шавед,
Маро нест аз кина озору ранҷ,
Басечидаам дар сарои сипанҷ.
Шуморо супорам аз он рӯи об,
Магар ёбад оромиш Афросиёб.
Ба наввӣ яке боз паймон навишт,
Ба боғи бузургӣ дарахте бикишт.
Фиристода омад ба сони паланг,
Расонид нома ба дасти Пашанг.
Буна барниҳоду сипаҳро биронд, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 >>> |