|
Ҷилди II: ДОСТОНИ МОДАРИ СИЁВУШ
Ҳамон Туси Нӯзар дар он бистаҳид:
«Куҷо пеш аспи ман ин ҷо расид».
Бад-ӯ гуфт Гев: «Ин сухан худ магӯй,
Ки ман тохтам пеш нахчирҷӯй.
Зи баҳри парастандае каж магӯй,
Нагардад ҷавонмард пархошҷӯй».
Суханшон зи тундӣ ба ҷое расид,
Ки ин моҳро сар бибояд бурид.
Миёншон ҳаме доварӣ шуд дароз,
Миёнҷӣ биёмад яке сарфароз,
Ки инро бари шоҳи Эрон баред,
Бар он, к-ӯ ниҳад, ҳарду фармон баред.
Нагаштанд ҳарду зи фармони ӯй,
Сӯи шоҳи Эрон ниҳоданд рӯй, 1 2 3 4 5 6 7 >>> |