|
Ҷилди II: БАР ТАХТ НИШАСТАНИ КАЙКОВУС ВА
ОҲАНГИ МОЗАНДАРОН КАРДАН
Даванда ҳаме тохт то Нимрӯз,
Чу омад бари Золи гетифурӯз.
Чунин додаш аз номдорон паём,
Ки эй номвар, богуҳар пури Сом,
Яке кор пеш омад акнун шигифт,
Ки аз дониш андоза натвон гирифт.
Бар ин кор агар ту набандӣ камар,
На тан монад эдар, на буму на бар.
Яке шоҳро дар дил андеша хост,
Бупечидаш Оҳарман аз роҳи рост.
Ба ранҷи ниёконаш аз бостон
Нахоҳад ҳаме буд ҳамдостон.
Ҳаме ганҷ бе ранҷ бигзоядаш,
Ҳаме гоҳи Мозандарон боядаш.
Агар ҳеч сар хорӣ аз омадан, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 >>> |