|
Ҷилди II: ФИРЕБ ДОДАНИ СУДОБА КОВУСРО
Кунун ғам маро, банду дастон туро.
Ҳама ростӣ ҷӯю бинмой рӯй,
Сухан бар чӣ сон рафт, бо ман бигӯй».
Сиёвуш бигуфт, он куҷо рафта буд,
В-аз он, к-ӯ зи Судоба ошуфта буд,
Саросар суханҳо ҳама боз гуфт,
Суханҳо, ки рафта буд андар нуҳуфт.
Чунин гуфт Судоба, к-«Ин нест рост,
Ки ӯ аз бутон ҷуз тани ман нахост.
Бигуфтам, ҳама ҳар чи шоҳи ҷаҳон
Бад-ӯ хост, дод ошкору ниҳон.
Зи фарзанду аз тоҷу аз хоста,
Зи динору аз ганҷи ороста.
Бигуфтам, ки чандин бар ин бар ниҳам,
Ҳама некуиҳо ба духтар диҳам. 1 2 3 4 5 6 7 >>> |