|
Ҷилди II: БАХШИ ҶОНИ СУДОБА ХОСТАНИ
СИЁВУШ АЗ ПАДАР
Чаҳорум ба тахти каӣ барнишаст,
Яке гурзаи говпайкар ба даст.
Барошуфту Судобаро пеш хонд,
Гузашта суханҳо бад-ӯ боз ронд.
Ки «Бешармиву бад касе кардаӣ,
Фаровон дили ман биёзурдаӣ.
Чӣ бозӣ намудӣ ба фарҷоми кор,
Ки бар ҷони фарзанди ман зинҳор
Бихӯрдиву дар оташ андохтӣ,
Бад-ин гуна-бар ҷодуӣ сохтӣ.
Набояд туро пӯзиш акнун ба кор,
Бипардоз ҷою баророй кор.
Нашояд, ки бошӣ ту андар замин,
Ҷуз овехтан нест подоши ин.»
Бад-ӯ гуфт Судоба, к-«Эй шаҳрёр, 1 2 3 4 5 6 >>> |