|
Ҷилди II: ОГОҲӢ ЁФТАНИ КОВУС АЗ
ОМАДАНИ АФРОСИЁБ
Ва дигар, к-аз ин кор ном оварам,
Чунин лашкареро ба дом оварам.»
Бишуд бо камар пеши Ковусшоҳ,
Бад-ӯ гуфт: «Ман дорам ин пойгоҳ,
Ки бо шоҳи Турон биҷӯям набард,
Сари сарварон андарорам ба гард.»
Чунин буд рои ҷаҳонофарин,
Ки ӯ ҷон супорад ба Туронзамин.
Ба рою ба андешаи нобакор
Куҷо боз гардад бади рӯзгор,
Бад - ин кор ҳамдостон шуд падар,
Ки бандад бар ин кин Сиёвуш камар.
Аз ӯ шодмон гашту бинвохташ,
Ба наввӣ яке пойгаҳ сохташ. 1 2 3 4 5 >>> |