|
Ҷилди II: РАФТАНИ ЗАНГА ПЕШИ АФРОСИЁБ
Ба оин диҳад духтарашро бад-ӯй,
Бидорад-ш бо нозу бо обрӯй.
Магар, к-ӯ бимонад ба наздики шоҳ,
Кунад кишвару бумат оромгоҳ.
В-агар боз гардад сӯи шаҳрёр,
Туро бартарӣ бошад аз рӯзгор.
Сипосе бувад назди шоҳи замин,
Бузургони гетӣ кунанд офарин.
Баросояд аз кин ду лашкар магар,
Бад-ин оваридаш магар додгар.
Зи доди ҷаҳонофарин ин сазост,
Ки гардад замона бад-ин кор рост».
Чу солор гуфтори Пирон шунид,
Чунон ҳам ҳама буданиҳо бидид,
1 2 3 4 5 6 7 >>> |