|
Ҷилди III: ГУФТОР АНДАР ГӮЙ ЗАДАНИ СИЁВУШ
Ҳамоварди ту ё ба болои ту.
Гар эдун ки бардорамат ман зи зин,
Туро ногаҳон барзанам бар замин,
Чунон дон, ки аз ту диловартарам,
Ба мардиву нерӯ зи ту бартарам.
В-агар ту маро барниҳӣбар замин
Нагардам ба ҷое, ки ҷӯянд кин».
Сиёвуш бад-ӯ гуфт к-«Ин худ магӯй,
Ки ту меҳтарӣ, шери пархошҷӯй.
Ҳамон аспи ту шоҳи аспи ман аст,
Кулоҳи ту озаргушаспи ман аст.
?уз аз ту, зи Турон касе баргузин,
Ки бо ман бигардад на аз роҳи кин».
Бад-ӯ гуфт Гарсеваз, «Эй номҷӯй, 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 >>> |